LIVE

"Реал Мадрид" - барандаи Суперҷоми УЕФА-2022!

Дар варзишгоҳии "Олимпӣ"-и шаҳри Хелсинкии Финландия рақобат миёни тимҳои "Реал Мадрид" ва "Айнтрахт"-и Франкфурт барои ба даст овардани Суперҷоми Аврупо доир гашт. Пеш аз бозӣ ҳамагон низ медонистанд, ки фаворити ин рақобат дастаи "шоҳона"  мебошад ва мадридиҳо бидуни мушкилӣ уқобони Франкфуртро шикаст доданд. Давид Алаба дар поёни нимаи аввал ҳисобро боз кард. Дар нимаи дуюм Карим Бензема аз паси Винисиус истифода карда, голи дуюмро зад. Бензема баъди ин голи задааш, аз Раул гузашта, пас аз Роналду беҳтарин нишонзани дастаи "Реал Мадрид" гашт. "Реал Мадрид" имкон дошт, ки беш аз ду голи дигар занад, вале фориғболии ҳамлагарону бозии хуби Кевин Трапп монеи он шуд. Ин дуюмин вохӯрии "Айнтрахт"-и Олмон ва "Реал Мадрид"-и Испания дар  таърих мебошад. "Реал Мадрид"  5-умин Суперҷомро ба даст овард ва ба гурӯҳи дастаҳои ба монанди "Барселона" ва "Милан" ворид шуд, ки онҳо низ 5 борӣ ҳамин ҷоизаро ба даст овардаанд. Як омори дигарра бояд қайд намуд, ки Карло Анчелотти чорумин пирӯзиашро дар Суперҷом ба қайд гирифт ва ин нишондод ӯро пешсафи мутлақ гардонид. Дар зинаи дуюм Пеп Гвардиола бо 3 ҷом ва ҳамчунин 6 муттахассиси дигар 3 маротибагӣ ҷоми мазкурро ба даст овардаанд. Дастаи шоҳона барои пирӯзӣ 5 млн евро  ба даст овард, "Айнтрахт" 3 млн евро. Аввалин дастае, ки ҷоми мазкурро ба аст овардааст, "Аякс"-и Ҳолланд мебошад.       

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив