LIVE

Билохира Роналду ба "МЮ" баргашт

Криштиану Роналду, билохира пас аз таътил ва сару садоҳо дар бозии дӯстона муқобили “Райо Валйекано” ба майдон баромад. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Манчестер доир шуда, бо ҳисоби мусовӣ 1 бар 1 ба анҷом расид.
Роналду дар дақиқаҳои аввал ба майдон баромад ва дар нимаи дуюми бозӣ иваз карда шуд.
Мухлисон пеш аз анҷоми бозӣ бо ҳамлагари португалӣ дар  беруни варзишгоҳ акс гирифтанд. Футболбози 37-сола камаш 8 дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ  “Олд Траффорд”- ро тарк кард.
Роналду дар ин мавсим дар 5 бозии қаблии дӯстонаи “МЮ” бо далели мушкилоти оилавӣ иштирок накард. Дар бозиҳо бидуни Криштиану “девҳои сурх”  3 пирӯзӣ ба даст оварда, як маротиба мусовӣ ва як бор бохтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив