LIVE

Хави: "Месси лоиқи як шонси дигар аст..."

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” Хави дар бораи эҳтимоли бозгашти ҳамлагари аргентинии "ПСЖ" Лионел Месси сухан кард.

«Ман аллакай гуфта будам, ки таваҷҷӯҳ ба Месси як ҳолати муқаррарӣ аст. Кош марҳилаи Месси дар Барселона тамом намешуд. Ман фикр мекунам, ки ӯ сазовори шонси дуюм, шонси охирин аст, аммо ин барои соли оянда. Айни замон ӯ бо дигар тим шартнома дорад», — мегӯяд Хави.

Ёдовар мешавем, ки Месси аз соли 2005 то соли 2021 дар ҳайати асосии “Барселона” бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати даста дар тамоми мусобиқаҳо 776 бозӣ гузаронида, дар онҳо 670 гол ва 302 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив