LIVE

Лапорта: "Дар фикри бозгашти Месси нестам. Мо як дастаи ҷавонро ташкил дорем

Президенти «Барселона» Жоан Лапорта гуфт, ки дар фикри баргардондани ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси ба бошгоҳи каталонӣ нест. «Ман аз Лео ё атрофиёни ӯ ягон паёме бо чунин мазмун нагирифтаам. Дар айни замон мо дар бораи бозгашти ӯ фикр намекунем. Мо як дастаи ҷавонеро бунёд карда истодаем.  Лео аст, вай беҳтарин бозигари ҷаҳон аст, аммо мо дар бораи бозгашти ӯ фикр намекунем. Албатта, ин як қадами ақиб нахоҳад буд, ”иқтибос меорад Sport.es аз Лапорта.
Ёдовар мешавем, ки Месси тобистони соли 2021 аз “Барселона” ба ПСЖ гузашт. Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагари 34-солаи аргентинӣ дар 18 бозии чемпионати Фаронса ширкат карда, 2 гол ва 10 партофти головар кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив