LIVE

Лапорта: "Бидуни Месси осон нест..."

Президенти «Барселона» Жоан Лапорта дар бораи нокомиҳои даста дар мавсими имсола сухан гуфт.

"Фаромӯш набояд кард, ки ин соли аввали бе Месси аст. Беҳтарин бозигари ҷаҳон рафт. Ин осон нест.

Аз ин рӯ, мо Хавиро интихоб кардем, ки бо фазо ва услуби даста ошно аст. Ин маънои онро дорад, ки ӯ ба ҷавонони мо эътимод дорад, зеро худаш академияи "Барса"- ро хатм карда, бо он қаҳрамон  шудааст.

Ин кори осон нест, футбол ба шумо вақт намедиҳад ва мо инро қабул мекунем. Агар дар бораи нақшаи оянда гӯем, ба мо ҳайати омехтаи ҷавонон бо бозигарони ботаҷрибаи хуб лозим аст. Дастае ба монанди "Барса" медонад, ки чӣ гуна бо фишор мубориза барад", гуфт Лапорта дар мусоҳиба бо Mundo Deportivo.

Пас аз 16 даври Ла Лига  "Барселона" бо 24 имтиёз дар ҷои 8-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив