LIVE

"Манчестер Сити" ҷойгузини Кукурелиро аз Португалия ёфт

Бошгоҳи "Манчестер Сити" ҳимоятгари "Бенфика"  Алехандро Грималдоро харидорӣ мекунад. Marca дар ин бора хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бошгохи англисӣ испаниро ҷойгузини Марк Кукурелла интихоб кардааст, агар ногаҳон созиш бо ӯ ноком шавад.

Алехандро фаъолияти худро дар мактаби футболи Валенсия оғоз кардааст. Соли 2008 ӯ ба ҳайати ҷавонони "Барселона" дохил шуд. Вай ҷавонтарин бозигар (15 солу  349 рӯз) шудааст, ки дар Сегунда бозӣ кардааст.

Дар моҳи декабри соли 2015 Грималдо  ба дастаи "Бенфика"-и Португалия ба маблағи 1,5 миллион евро гузашт.  

Ҳимоятгар дар мавсими гузашта дар ҳайати “Бенфика” дар 47 бозӣ 6 гол зада, 9 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив