LIVE

Раҳим Стерлинг низ тарки «Манчестер Сити» намуд

Ҳамлагари "Манчестер Сити" - Раҳим Стерлинг баъд аз гузариш аз ташхиси тиббӣ бо дастаи "Челси" қарордод ба имзо мерасонад. Тибқи иттилои манбаъ, қарордоди футболбози 27-сола дар рӯзҳои наздик ба маблағи 59 миллион евро баста мешавад ва пас аз он Стерлинг ба “Челси” барои тамрини пеш аз мавсим дар ИМА ҳамроҳ мешавад.
Стерлинг соли 2015 аз «Ливерпул» ба «Манчестер Сити» гузашт. Раҳим дар ин муддат дар 337 бозӣ 131 гол зада, 94 партофти головар кардааст. Якҷоя бо даста "Манчестер Сити"  12 Ҷоми дохилиро ба даст овардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив