LIVE

Раҳим Стерлинг ба «Арсенал» мегузарад

Бозигари «Манчестер Сити» ва тими миллии Англия - Раҳим Стерлинг  метавонад, ки ба «Арсенал» гузариш кунад. 
Ба иттилои манбаъ, сармураббии дастаи лондонӣ - Микел Артета, ки бо ин бозигар дар “Манчестер Сити” кор мекард, шахсан барои ин гузариш ҳавасманд аст.  Худи Стерлинг ба далели он, ки дар ҳайати "шаҳриҳо" вақти камтари бозӣ дорад,  фаъолияташро дар дигар клуб дидан мехоҳад.  Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба ҳунари Стерлинг «Барселона» низ таваҷҷӯҳ дорад.
Стерлинг аз соли 2015 дар тими “Манчестер Сити” бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагар дар 9 бозии Премйер-Лигаи Англия ширкат карда, 1 гол задааст. Аз соли 2012 Стерлинг ба тими миллии Англия даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив