LIVE

Тухел ба саволи хариди Роналду ҷавоб дод

Сармураббии 48-солаи олмонӣ Томас Тухел ба овозаҳо дар бораи эҳтимоли хариди ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду вокуниш нишон дод.

«Албатта, ман  имзои ҳамлагари навро рад намекунам, аммо айни ҳол ин барои мо он қадар муҳим нест. Ҳозир афзалият дар хати ҳимоя аст, ин барои касе пӯшида нест. Мо бозингарони беҳтаринро аз даст додем ва ҳоло мо бояд онҳоро иваз кунем", - гуфт  Тухел.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта Роналдуи 37-сола дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар 38 бозӣ дар тамоми мусобиқот ширкат карда, 24 гол ва 3 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив