LIVE

Чемпионати Испания номашро иваз мекунад

Ла Лигаи Испания номи худро аз мавсими 2023/2024 пас аз он ки Banco Santander аз  сарпарастии асосии мусобиқа даст мекашад, иваз мекунад.

Номи нав дар моҳи августи соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Шартномаи сарпараст бо чемпионати Испания ба муддати 5 сол ба имзо мерасад, хабар медиҳад Marca.

Сарпарасти нави чемпионат нақша дорад, ки ба мухлисон таъсири назаррас расонад, инчунин омили муҳими имзо ин афзоиши даромади солона барои мусобиқаи асосӣ дар Испания мебошад. Ин як ширкати хеле тавоно бо фарогирии ҷаҳонӣ аст, ки таъсири рақобатро беҳтар мекунад. Вай гуфт, ки аз созишнома бо Ла Лига, ки моҳи август расман хоҳад шуд, хеле қаноатманд аст.

Ёдовар мешавем, ки Ла Лига дар панҷ соли охир даромади сарпарастиро 300% афзоиш додааст. Дар мавсими 2016/2017 Ла Лига тавонист ба сатҳи 50 миллион евро бирасад ва дар мавсими 2021/2022 бошад, шумора чанд маротиба зиёд шуда, ба 155 миллион евро расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив