LIVE

ПСЖ 7 бозигарашро ба фурӯш гузошт

«Пари Сен-Жермен» ҳашт бозигарро ба фурӯш гузоштааст, ки дар байни онҳо Неймари бразилӣ низ ҳаст, хабар медиҳад Marca.
Нархи Леандро Паредес таваҷҷуҳи “Манчестер Юнайтед”-ро боздошт. Ҳамин чиз бо ҳимоятгари марказии сенегалӣ Абду Диалло рӯй дод, бинобар ин, “Тоттенхэм” бозигари “Барселона” Клемен Ланглеро интихоб кард.
Ҷорҷинио Вейналдум ва аргентинӣ Мауро Икарди маоши баланд талаб доранд. Лейвин Курзава, Неймар, Юлиан Дракслер ва Андер Эррера низ дигар ба сармураббии нав Кристоф Галтие лозим нестанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Икардии 29-сола ба нақшаҳои мавсими ояндаи ПСЖ шомил нест ва метавонад дар равзанаи интиқоли тобистона дастаро тарк кунад, аммо намехоҳад фаъолияти худро дар “Вулверхэмптон” идома диҳад, ки қаблан пешниҳодиҳ ҳамкорӣ  карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив