LIVE

Амин Субҳонӣ: "Мо мехоҳем Ҷоми КФО-ро бо ғалаба ҷамъбаст кунем"

Имрӯз қабл аз бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар ин нишасти хабарӣ сармураббии КМВА Амин Субҳонӣ ва нимҳимоятгари даста Шарафҷон Солеҳов ширкат доштанд.

Амин Субҳонӣ: "Мо мехоҳем ин мусобиқаро бо бозии хуб ва  пирӯзӣ анҷом диҳем. Кӯшиш мекунем, ки натиҷаи мусбат ба даст орем, дастуру таҳлилҳо барои ин дорем.

— Дар ин вохӯрӣ мо аз бозингарони ҷавони худ истифода мебарем, ба онхо имконият медихем, ки дар чунин мусобиқаи ҳунарнамоӣ кунанд, зеро ин барои онхо тачрибаи хуб хохад шуд. Ман ба онҳо боварӣ дорам.

— Роҳбарияти мо барои бозие, ки бачаҳо дар ин мусобика нишон медиҳанд, миннатдорӣ баён кард. Мо мехоҳем, ки аз пештара беҳтар кор кунем. Ҳадафи мо рушду тарғиби сатҳи футболи тоҷик аст. Роҳбарияти мо аз ин қаноатманд аст ва фикр мекунам, ки мухлисон ва футболи тоҷик низ.

-Ба мухлисон барои дастгириашон ташаккур мегӯям, дидем, ки дар бозии дуюм шумора ва дастгирии онҳо чӣ гуна зиёд шуд ва умедворам, ки дар бозии фардо боз ҳам бештар мухлисон омада, моро дастгирӣ мекунанд, зеро онҳо на танҳо КМВА, балки тамоми футболи тоҷикро дастгирӣ мекунанд".

Шарафҷон Солеҳов: “Мо ҳама ба ин бозӣ омодаем ва сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои гузашта ба ин рақобат муносибати ҷиддӣ дорем, рақибро омӯхта истодаем.

— Мехохам ба хамаи мухлисони футболи точик ташаккур намоям, ки онхо дар бозиҳои пештара моро  дастгирӣ карданд. Мо ҳама мухлисонро дар бозӣ интизорем ва умедвори дастгирии онҳо ҳастем”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив