LIVE

Ба КМВА медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон тақдим гардид

Дар "Кохи Афсарон"-и шаҳри Душанбе маросими мутантани ҷоизасупорӣ ба барандагони нишони биринҷии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. 
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи КМВА дар мавсими сипаришуда  мақоми сеюмро касб крад. Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҶТ, ФФТ, Лигаи футболи кишвар, ситоди мураббиёну футболбозони КМВА ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки КМВА дар баробари  касби мақоми сеюм инчунин  роҳхати  марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-ро ба даст овард. Ҳамакнун дастаро масъулияти  ҷиддие дар пеш интизор аст. Зеро "артишиҳоро" мебояд,  футболи тоҷикро дар арсаи қоравӣ муаррифӣ  намоянд.  Лозим ба ёдоварист, ки имсол  дастпарварони Амин Субҳонӣ  дар 27 бозӣ 12 ғалаба, 8 мусовӣ ба даст оварда, 7 бор шикаст хӯрдаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив