LIVE

"Реал" ҳамлагарашро ба "Фиорентина" медиҳад

"Реал" ҳамлагари худ - Лука Йовичро ба тими футбли "Фиорентина" иҷора медиҳад. Бошгоҳи итолёвӣ ин футболбози 24-солаи сербиро барои як мавсим ба иҷора мегирад, аммо ҳуқуқи харидории онро дар оянда надорад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки як миқдор маоши бозигарро тими испанӣ пардохт мекунад.
Йович тобистони соли 2019 аз «Айнтрахт» ба ин клуби шаҳри Мадрид гузашт, маблағи трансфер 63 миллион евро буд. Ба иттилои коршиносон ҳамлагари ҷавон дар «Айнтрахт» хуб бозӣ мекард, аммо дар системаи бошгоҳи “Шоҳона” мутобиқ шуда натавонист ва ин бораи дуюм аст, ки Лука ба иҷора фиристода мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив