LIVE

Нуриддин Давронов низ аз "Истиқлол" рафт

Нимҳимоятгари дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Нуриддин Давронов ба яке аз дастаҳои машҳури Ҳиндустон “Моҳаммедан”-и шаҳри Калкутта гузариш намуд. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи расмии дастаи "Моҳаммедан". Ҳамчунин бошгоҳи "Истиқлол" дар сомонаи расмиаш аз гузариши ӯ ба ин тим хабар дод.  Дастаи "Моҳаммедан" дар Лигаи якуми Дивизиони Олии Ҳиндустон баромад мекунад ва варзишгоҳи хонагиаш метавонад то 85 ҳазор ҳаводорро ба ҳам орад. Дар ҳоли ҳозир даста баъди 18 даври рақобатҳо дар ҷадвал зинаи дуюмро ишғол намудааст. Ҳамчунин футболбози дигари тоҷик Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи футболи "Чёрчилл Бразерс"-и Ҳиндустон баромад менамояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив