LIVE

Нуриддин Давронов тарки “Истиқлол” намуд

Нимҳимоятгар Нуриддин Давронов бо сабаби ба итмом расидани мӯҳлати иҷорааш “Истиқлол”-ро тарк мекунад.
Нуриддин Давронов, ки қисмати аввали мавсимро дар ҳайати  “Истиқлол” гузаронид, клуби Душанберо тарк мекунад. Муҳлати иҷораи Давронов ба итмом расид ва бозигар ба клуби асосии худ “Борнео”-и (Индонезия) бармегардад. Нуриддин Давронов бо “Истиқлол” Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард ва барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид. Ғайр аз он, Давронов дар баромади муваффақонаи даста дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК саҳми назаррас гузошта, дар ин мусобиқа дар ҳайати “Истиқлол” панҷ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив