LIVE

Нуриддин Давронов ба Индонезия рафт

Нимҳимоятгари 29-солаи мунтахаби Тоҷикистон -Нуриддин Давронов фаъолияти худро дар дастаи «Борнео»-и  Индонезия идома медиҳад. Тарафҳо ба мӯҳлати як сол шартнома бастанд. Нуриддин дар дастаи наваш таҳти шумораи 8 баромад мекунад. То ин дам Нуриддин Давронов дар дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, "Слобода"-и Сербия, "Дунав"-и Булғористон, "Мадура Юнайтед"-и Индонезия ва "Уммон"-и Уммон бозӣ кардааст. Давронов аз соли 2008 инҷониб бо пироҳани тими миллии Тоҷикистон  50 бозӣ гузаронидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив