LIVE

Расман "Бавария" аз гузариши Садио Мане хабар дод

"Бавария" дар сомонаи расмии худ дар доираи гузариши ҳамлагари "Ливерпул" Садио Мане хабар дод. Шартномаи ҳамлагари 30-сола бо бошгоҳи олмонӣ то 30 июни соли 2025 баста шудааст.

"Мане ситораи ҷаҳонӣ аст. Ин иқдоми ӯ аз ҷолибияти "Бавария" таъкид мекунад ва эътибори тамоми Бундеслигаро боло мебарад. Мухлисон барои дидани чунин бозигарони беназир ба варзишгоҳҳо меоянд. Хуб шуд, ки шӯрои директорони даста бо роҳбарии Оливер Кан ва Ҳасан Салиҳамиджич тавонистанд бо Садио Мане шартнома имзо кунанд”, - гуфтааст президенти "Бавария" Герберт Ҳайнер.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив