LIVE

Ӯ қариб маро мекушт: Паредес дар бораи муноқиша бо Месси гуфт

Нимҳимоятгари ПСЖ ва тими миллии Аргентина Леандро Паредес дар бораи муноқиша бо ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси, ки соли 2021 дар  Лигаи чемпионҳо замоне, ки Месси дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекард, сухан кард.
«Месси хашмгин шуд, зеро ман ба ҳамдастагонам чизе гуфтам ва ӯ шунид. Вай хеле хашмгин шуда, ба ман ҳуҷум кард. Ин даҳшатнок буд. Ӯ мехост маро бикушад, ман бошад, танҳо мехостам ба хона равам.
Пас аз он ҳодиса мо дар тими мунтахаби кишвар вохӯрдем ва ӯ тарзе рафтор кард, ки  гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад. Чӣ хел одам будани худро нишон дод. Ин кор ба муносибати мо ҳеҷ зарар нарасонд.  Ҳоло, ки суҳбат cap мешавад, он ҳодисаро ба ёд меорему механдем. Аммо маълум нест, ки он вақт Паредес ба ҳамдастгонаш чӣ гуфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив