LIVE

Дурахши ситораи наве аз Аргентина

Тими миллии Аргентина дар бозии дӯстона бо яккачини Мексика вохӯрӣ намуд. Набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби калони 4:0 ба суди яккачини Аргентина хатм шуд. Дар ин майдондорӣ ситораи наве бо исми Лаутаро Мартинес аз худ маҳорати олӣ нишон дода, ба задани се гол даст ёфт. Шояд дар оянда ҳамлавари ҷавони бошгоҳи “Интер” Мартинес ҷойгузини Лео Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина бошад. Голи чоруми аргентиниҳоро Паредес аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба самар расонид. 
Бозии дӯстона
Аргентина — Мексика — 4:0 (4:0)
Голҳо: Л.Х.Мартинес, 17 (1:0). Л.Х.Мартинес, 22 (2:0). Паредес, 33 —пеналти (3:0). Л.Х.Мартинес, 39 (4:0).
Аргентина: Андрада, Рохо, Таляфико, Монтиэл, Л.Мартинес (Балерди, 83), Паредес, де Паул (Гайч, 87), Паласиос (Домингес, 54), Макаллистер (Перейра, 65), Акуня (Лансини, 77), Л.Х.Мартинес (Дибала, 46).
Мексика: Очоа, Араухо, Салседо, Лаюн, Алварес, дос Сантос, Галярдо, Эррера (К.Родригес, 63), Корона (Фабиан, 63), Хименес, Лосано.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив