LIVE

Ҷоми ҷаҳон-2026 дар се кишвар доир мешавад

Федератсияи байналмилалии футбол номҳои шаҳрҳоеро эълон кард, ки мизбонии Ҷоми ҷаҳонии ояндаро ба дӯш мегиранд. Соли 2026 беҳтарин дастаҳои миллии сайёра дар ИМА, Канада ва Мексика бозӣ хоҳанд кард.

Бори аввал дар таърих чемпионати ҷаҳон якбора дар се кишвар баргузор мешавад. Бозиҳои мусобиқа дар 16 шаҳр баргузор мешаванд. Дар ИМА бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 дар шаҳрҳои Атланта, Бостон, Даллас, Хюстон, Канзас Сити, Лос-Анҷелес, Майами, Ню Йорк ё Ню Ҷерсӣ, Филаделфия, Сан-Франсиско  ва Сиэтл баргузор мешаванд. Дар Мексика — Гвадалахара, Мехико ва Монтеррей, дар Канада — Торонто ва Ванкувер.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 нахустин Ҷоми ҷаҳонии ҷаҳон хоҳад буд, ки дар он 48 даста бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив