LIVE

Мексика ва ИМА ба ҶҶ-2022 баромаданд

Дастаҳои миллии Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба  Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳхат гирифтанд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Амрикои Шимолӣ Мексика бар Салвадор бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва дар ҷои дуввум қарор гирифт.

Мексикоиҳо барои 8-умин бор пайиҳам, дар маҷмуъ  17 бор ба Ҷоми Ҷаҳон роҳ меёбанд.

Дастаи ИМА аз Коста-Рика мағлуб шуд (0:2), ҳарду даста 25-имтиёзӣ доранд, аммо амрикоиҳо аз рӯи нишондодҳои иловагӣ ҷои сеюмро гирифтанд.

Амрикоиҳо бори 11-ум ба Ҷоми ҷаҳонии футбол баромаданд. 




Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив