LIVE

Номзадони ҷоизаи Golden Boy-2022 муайян шуданд

Рӯйхати довталабони ҷоизаи Golden Boy - 2022 маълум шуд. Нашрияи итолиёвии Tuttosport феҳристи 100 футболбозеро нашр кардааст, ки даъвои дарёфти ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷавони то 21-солаи Аврупоро доранд.

Дар байни номзадҳо нимҳимоятгарони «Боруссия»-и Дортмунд Ҷуд Беллингем ва Кари Адейеми, нимҳимоятгари «Реал Мадрид» Эдуардо Камавинга, бозигарони «Барселона» Педри, Фати ва Гави, бозигари нави «Бавария» Райан Гравенберч, ҳимоятгари «Динамо»-и Киев Иля Забарний ва дигарон ҳастанд.

 Барандаи феълии ҷоизаи Tuttosport нимҳимоятгари 19-солаи дастаи «Барселона» Педри мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив