LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон аз зинаи аввали гурӯҳ ба Ҷоми Осиё баромад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қирғизистон бозиро мусовӣ (0:0) карда, дар гурӯҳи «F» мақоми аввалро касб кард.

Мунтахаби Тоҷикистон қаблан дар ду бозии аввали марҳилаи интихобӣ бар тимҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) пирӯз шуда буд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтимтиёзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо дастаи мо дар гурӯҳ ҷойи якумро гирифт. Дар се бозии баргузоркарда мунтахаби Тоҷикистон ягон тӯб ба дарвозааш сар надодааст.

Бояд гуфт, тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои аввалин бор дар таърихи худ ба финали Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Ба ҷуз аз тими мо дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия низ  иштирокчии Ҷоми Осиё-2023 гардиданд.

Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F». Даври 3
Қирғизистон — ТОҶИКИСТОН — 0:0
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 82), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 94+4),  Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром  Самиев, 69).
14 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов. 17340 нафар тамошобин.

Мянмар — Сингапур — 2:6

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив