LIVE

Санаи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё тасдиқ шуд

Тақвими бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 муайян шуд. Дар марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи F бозӣ мекунад. Рақибони мо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур хоҳанд буд. Бозиҳо дар шакли мутамарказ дар як давр - рӯзҳои 8, 11 ва 14 июн дар Бишкек баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо бозӣ бо тими Мянмар, ки рӯзи 8-уми июн баргузор мешавад, оғоз мекунад. Пас аз се рӯз, 11 июн тими миллии мо бо Сингапур вомехӯрад. Ва дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ тими миллии Тоҷикистон бо мизбонони гурӯҳ тими миллии Қирғизистон вомехӯрад.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳ, инчунин панҷ даста, ки бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои дувумро гирифтанд, роҳ меёбанд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи "F"

Даври 1-ум

8 июн (чоршанбе)

ТОҶИКИСТОН - Мянмар

Қирғизистон – Сингапур

 
Даври 2-юм

11 июн (шанбе)

Сингапур — ТОҶИКИСТОН

Мянмар - Қирғизистон

 
Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

Қирғизистон — ТОҶИКИСТОН

Мянмар - Сингапур

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив