LIVE

Футболбозони ҷавони тоҷик 10 тӯб хӯрданду ягон гол назада, ба хона баргаштанд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии севумаш низ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” аз тими Ҷопон (U-23) бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. 
Ин бозӣ шоми 9-уми июн дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуд. Куриу Матсуки дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 11-ум, ҳисобро кушод. 
Дар ибтидои нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 57-ум, ҳуҷуми ҷопониҳо бо гол анҷомид. Тӯбро  Кеин Сато ба ҳадаф расонид. Голи севум ва охирини мунтахаби Ҷопонро Таика Накашима дар замони изофакардаи сардовар (90+4) зад.
Бояд гуфт, дар дақиқаи 65-уми дидор бозигари мунтахаби Ҷопон Шунсуке Мито, ки корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Бинобар ин, шумораи бозигарони мунтахаби Ҷопон дар майдон то анҷоми бозӣ як нафар кам буд. 
Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии футболбозони ҷавони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. 
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Ҷопон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо тими Арабистони Саудӣ  дар ҷадвали гурӯҳи “D” мақоми аввалро соҳиб шуд, дастаи Ҷопон ҷои дувумро азони худ кард. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. 
Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо се имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23), ки ҳарсе бозиашро бохт, бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷойгир шуд. Дастаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоии мусобиқа маҳрум гаштанд. 
Зимнан, футболбозони ҷавони тоҷик дар се бозӣ натавонистанд гол зананд ва ба дарвозаи худ аз ҳама бештар – 10 гол - сар доданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив