LIVE

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё аз дастаи АМА

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар Ҷоми Осиё-2022 бозии дувумро анҷом дод.

Дастаи мо дар даври дуюм дар чаҳоргонаи «D» бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ карда, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Арабистони Саудӣ (0:0) рақобаташонро мусовӣ карданд.

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) рӯзи 9-уми июн бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.

Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои то 23-сола
Гурӯҳи D. Даври 2
ТОҶИКИСТОН — АМА — 0:2
Голҳо: Абдулазиз Ал-Блушӣ, 13 (0:1). Мансур Саид Ал-Менхалӣ, 78 – аз пеналти (0:2).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Насков, Хусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов (Шарафҷон Солеҳов, 82), Эмомалӣ Аҳмадхон (Умарҷон Шарипов, 67), Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 67), Ислом Зоиров (Абдулмуъмин Забиров, 67), Амадонӣ Камолов, Муҳаммадалӣ Азизбоев (Сунатулло Исмоилов, 46).
3 июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив». 185 тамошобин.

Ҷопон— Арабистони Саудӣ — 0:0

Даври 3
9 июн (панҷшанбе)
18-00 — Ҷопон— ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Бунёдкор».
18-00 — Арабистони Саудӣ — АМА. Варзишгоҳи «Локомотив»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив