LIVE

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аз дастаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод.

Ин дидор 25 май дар варзишгоҳи “Металлург”-и Бекобод баргузор шуда, бо пирӯзии тими Ӯзбекистон – 2:0 поён ёфт. Аз ҳайати мизбонон голҳоро Отабек Ҷӯракузиев ва Улуғбек Ҳошимов ба самар расониданд.

Қобили зикр аст, ки нӯҳ бозигари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҳоло дар ихтиёри тими миллии кишвар қарор доранд, ки ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд. Ба ин далел, онҳо наметавонанд дар ҳайати тими олимпӣ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Ӯзбекистон, ки аз 1 то 19 июн баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” баромад мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.

Бозии дӯстона
Ӯзбекистон (U-23) – ТОҶИКИСТОН (U-23) – 2:0
Голҳо: Отабек Ҷӯракузиев, 16 (1:0). Улуғбек Ҳошимов, 73 (2:0).
Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммадҷон Насков, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов, Ислом Зоиров, Умарҷон Шарипов, Амадонӣ Камолов, Сорбон Авғонов, Кароматулло Саидов, Рустам Соиров.
Иваз шуданд: Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Ҷонибек Шарифов, Фирдавс Алиназаров, Шоҳрух Сангов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Сунатулло Исмоилов.
25 май. Бекобод. Варзишгоҳи «Металлург».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив