Ҳамлагари "Арсенал" - Александр Ляказетт ба дастаи "Лион"-и Фаронса баргашт. Шартномаи ҳамлагари 31-сола бо нишонзани фаронсавӣ барои се мавсим – то тобистони соли 2025 пешбинӣ шудааст. Қайд карда мешавад, ки Ляказетт пас аз ба итмом расидани шартнома бо «Арсенал» ба тариқи ройгон ба «Лион» гузашт.
«Клуби футболи “Лион” хеле шод аст, ки дастпарвараш Александр Ляказетт баргашт. Футболбози 31-сола бо вуҷуди пешниҳодҳои клубҳои бузурги аврупоӣ тасмим гирифт, ки ба “Лион” баргардад.
Ляказетт соли 2017 аз “Лион “ба “Арсенал” гузашта буд. Дар 206 бозӣ дар ҳайати тими Англия ҳамлагари фаронсавӣ 71 гол зада, 36 партофти головар кардааст. Аз соли 2013 то 2017 Лаказетт ба тими миллии Фаронса даъват шуда буд.