LIVE

Ҳарри Кейн аз Месси ва Роналду пеш гузашт

Ҳарри Кейн аз рӯи суръат  дар тими миллӣ аз Месси ва Роналду пеш гузашт.

Мунтахаби Олмон дар бозии даври дуюми гурӯҳи А3-и Лигаи миллатҳо бо тими миллии Англия мусовӣ (1:1) кард. Ҳерри Кейн голи 50-уми худро дар ҳайати мунтахабаш ба самар расонид.

Ба иттилои Opta, Кейн 72-юмин бозигар дар таърихи футболи ҷаҳонӣ гардид, ки дар ҳайати тими миллӣ 50 гол задааст. Гузашта аз ин, барои ноил шудан ба ин нишондод ба ӯ ҳамагӣ 71 бозӣ лозим шуд, дар ҳоле ки машҳуртару унвондортаринҳо мисли  Криштиану Роналду ва Лионел Месси барои ин натиҷа бозиҳои бештарро ба кор бурданд. Португалиягӣ голи 50-уми худро дар бозии 114-ум  зад ва аргентинӣ бошад, дар  107-умин дидор ба ин нишондод расид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив