LIVE

Антонио Конте аз дастаи собиқи худ бозигар даъват кард

«Тоттенхэм» аз гузариши бозигари «Интер» - Иван Перишич расман хабар дод. 
Шартномаи футболбози 33-солаи хорватӣ бо бошгоҳи инглисӣ то соли 2024 баста шудааст. Перишич баъди ба охир расидани шартномааш бо бошгоҳи итолиёвӣ шуруъ аз 1-уми июл имкон дорад, ки пероҳани «Тоттенхэм»-ро ба тан кунад. 
Ёдовар мешавем, ки Перишич аз соли 2015 дар ҳайати “Интер” бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта футболбози хорватӣ дар ҳайати бошгоҳи итолиёӣ дар тамоми мусобиқаҳо 49 бозӣ карда, ба задани 10 гол ва 9 партофти головар муваффақ шудааст. 

 Қаблан  нимҳимоятгар дар клубҳои «Брюгге», «Боруссия Дортмунд», «Волфсбург» ва «Бавария» бозӣ кардааст. Аз соли 2011 Перишич ба тими миллии Хорватия даъват шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив