LIVE

Ҳайати рамзии Лигаи чемпионҳо-2021/22 муайян шуд

Нозирони техникии УЕФА дастаи рамзии Лигаи чемпионҳоро барои мавсими 2021/2022 эълон карданд. Ба ҳайати дастаи рамзӣ 4 намояндаи бошгоҳҳое шомил шуданд, ки ба финали мавсими имсола роҳ ёфтанд -"Ливерпул" ва "Реал Мадрид". 

Дастаи рамзии мавсими Лигаи Чемпионҳо 2021/2022 тибқи фарзияи УЕФА: Тибо Куртуа «Реал», Трент Александр-Арнолд «Ливерпул», Антонио Рюдигер «Челси», Вирҷил ван Дейк «Ливерпул», Эндрю Робертсон «Ливерпул», Кевин Де Брюйне "Манчестер Сити", Фабинйо "Ливерпул", Лука Модрич "Реал Мадрид", Килиан Мбаппе "ПСЖ", Карим Бензема "Реал Мадрид", Винисиус Жуниор "Реал Мадрид".

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии мусобиқа «Ливерпул» аз тими «Реал Мадрид» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив