LIVE

Тағйироти калон дар “Реал”: 3 бозигар ҳамроҳ мешавад ва 9 бозигар аз даста меравад

Пас аз финали Лигаи Чемпионҳо, Карло Анчелотти барои дар фикри комил намудани мавқеъҳои заифи дасташ дар мавсими солҳои 2022/23 хоҳад шуд. 
3 мавқеи заиф ба тақвият ниёзи бештар дорад. 
Ҳимоятгари рост: Сарфи назар аз имзои Рудигер, Анчелотти дар бораи мустаҳкам кардани қисмати муҳофизат фикр мекард.
Нимҳимоятгар: Тони Кроос, Каземиро ва Лука Модрич ҳама аз 30-сол бештар доранд ва Мадрид ба нимҳимоятгари ҷавону хунгар ниёз доранд.
Ҳамла: Дастаи Анчелотти ба як бозигари дигари хати ҳуҷум ниёз дорад, то ин ҳамларо комилан беҳтар созад.
3 даъвати эҳтимолӣ
Рис Ҷеймс як варианти беҳтарин барои канори рост аст. "Реал Мадрид" ӯро талабгор аст, аммо интиқол метавонад душвор бошад.
Аурелен Ҷумени ҳамчун нимҳимоятгар дар назорати мадридиҳо қарор дорад.
Килиан Мбаппе як бозигари машҳур аст, ки ҳамлаи “Реал”-ро аз ҳозирааҳ, дида хатарноктар мегардонад. Хабари хуш ин аст, ки ПСЖ то ҳол бо футболбоз ба мувофиқа нарасидааст. 
9 бозигар метавонад аз даста раванд. 
Ҳадди ақал 9 бозигар дар ин тобистон метавонанд “Реал Мадрид”-ро тарк кунанд: Марсело, Иско, Марко Асенсио, Гарет Бэйл, Лука Йович, Хесус Валехо, Мариано, Дани Себалос ва Эден Азар.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив