LIVE

Искандар Ҷалилов фаъолияти касбии худро хотима бахшид

ИСКАНДАР ҶАЛИЛОВ ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ ХУДРО ХОТИМА БАХШИД

Ҳимоятгари 29-солаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов фаъолияти касбии худро анҷом дод.
Бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба хотири Искандар Ҷалилов бозии хайрбодӣ ташкил кард. Қабл аз оғози бозии даври ҳафтуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои  “Истиқлол” – “Хуҷанд”  барои ин футболбози 29 сола роҳрави ифтихорӣ ташкил карда шуд, ки вохӯрИИ мазкур барояш охирин бозӣ дар фаъолияти касбӣ ба шумор меравад.  

«Тими миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалиловро хеле пазмон мешавад. Вай кордон ва одами дорои хислати олист. Барояш дар фаъолияти минбаъда  барор  орзу мекунам”, - гуфт Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Искандар Ҷалилов аз соли 2014  ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон даъват мешавад. Дар ин муддат ӯ бо пироҳанҳои мунтахаби кишвар 25 бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив