LIVE

Искандар Ҷалилов фаъолияти футболбозиашро хотима медиҳад

Искандар Ҷалилов ба корномаи варзишиаш хотима мебахшад
Ҳимоятгари “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов тасмим гирифт, ки ба фаъолияти бозигарӣ хотима диҳад.
Вохӯрии даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки рӯзи 15 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, барои Искандар Ҷалилов дар фаъолияти касбиаш охирин вохӯрӣ хоҳад буд.
«Ман як корномаи  бомуваффақият дар футболи касбӣ доштам, аммо бинобар вазъи саломатӣ тасмим гирифтам, ки онро хотима диҳам. Ва ман тасмим гирифтам, ки онро дар бошгоҳи футболи   «Истиқлол» анҷом диҳам, ки дар он ҷо худро бароҳат ҳис намуда, ҳамчун футболбоз инкишоф ёфтам.
Мехоҳам ба падарам, ки маро ба футбол овард ва дар дили ман муҳаббат ба  ин бозиро ҷой дод, ташаккури зиёд бигӯям. Ташаккури зиёд ба ҳамаи мухлисон, ҳамдастагон ва мураббиёне, ки  бо онҳо кор карда, таҷрибаю дониш касб намудам. Ба роҳбари бошгоҳи футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода барои дастгирии ҳамаҷониба ва фароҳам овардани имкони рушд миннатдории самимӣ баён менамоям. Ташаккури зиёд ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тими миллии кишвар. Рахмати калон ба ҳамаи онҳое, ки бо ман ин роҳро тай намуда, як ҷузъи ҳаёти ман гардиданд.
Ман аз футболи ҳирфаӣ меравам, аммо бо варзиш хайрбод намегӯям”, - гуфт Искандар Ҷалилов.
 Қобили зикр аст, ки Искандар Ҷалилов дар давоми фаъолияти касбии худ дар «Истиқлол» дар ҳайати даста се маротиба ғолиби қаҳрамонии кишвар, чаҳор маротиба Суперҷоми Тоҷикистон ва як маротиба Ҷоми кишварро ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи якшанбеи 15 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:00 оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив