LIVE

Ҷорджо Кйеллини пас аз 17 сол тарки «Ювентус» мекунад

Ҳимоятгари 37-солаи “Ювентус” ва тими миллии Италия Ҷорджо Кйеллини пас аз шикасти бошгоҳи Турин дар финали Ҷоми Италия аз “Интер” (2:4) эълон кард, ки дар охири мавсим аз даста хориҷ мешавад. 
"10 соли бузург сипари шуд, ҳоло бачаҳо бояд кореро, ки оғоз кардаанд, идома диҳанд. Ман тамоми кори аз дастам меомадаро кардам ва умедворам, ки чизеро дар паси худ гузоштам. Рӯзи душанбе ман бо варзишгоҳи хонагии "Ювентус" хайрухуш мекунам ва баъд агар тавонам ба Флоренсия сафар мекунам.
Ин интихоби 100% бошууронаи ман аст, ман шодам, ки дар чунин сат тарки даста мекунам. Ман ҳама чизро додам, ба зудӣ мухлиси ашаддии “Ювентус” аз берун хоҳам шуд. Пас аз солҳои тӯлонӣ ту наметавони мухлиси ин бошгоҳи бузург нашавӣ ", - иқтибос меорад аз суханони Chiellini Football Italia.
Тавре ки рӯзноманигор Фабрицио Романо дар Твиттер қайд кард, Кйеллини ҳанӯз дар бораи интихоби идомаи кораш тасмим нагирифтааст. Ӯ ду пешниҳоди MLS дорад, ки яке аз онҳо аз Лос-Анҷелес аст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷорджо соли 2005 ба тими аз “Фиорентина” ба  “Ювентус” бо маблағи 7,7 миллион евро гузашт. Аз он вақт инҷониб ӯ дар ҳайати даста 559 бозӣ гузаронида, дар он 36 гол ва 25 партофти головар анҷом додааст. Дар ҳайати «Ювентус» ӯ 9 маротиба ғолиби чемпионати Италия, 5 маротиба барандаи Ҷоми Италия ва Суперҷоми Италия гардид ва инчунин дар мавсими 2006/2007 қаҳрамони Серия В гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив