LIVE

Петер Шмейхел: "Реал" ҳақ надорад дар финали ЛЧ бозӣ кунад

Собиқ дарвозабони «Манчестер Юнайтед» Петер Шмейхел дар бораи баромадани «Реал Мадрид» ба финали Лигаи Чемпионҳо изҳори назар кард.
«Ман фикр мекунам, ки “Реал Мадрид” ҳақ надорад дар финал бозӣ кунад. Вай дар давоми ду бозӣ ба таври назаррас заифтар буд. Аввалин имкони голзании ӯ дар бозии ҷавобӣ дар дақиқаи 90-ум пайдо шуд ва онро истифода кард. Голи дуюм лаҳзаи дуюми имконияти ӯ буд. “Манчестер Сити” бозиро комилан назорат мекард, аммо варзишгоҳ метавонад бозигари 12-уми шумо бошад. Пас аз он, ки  Винисиус дар оғози нимаи дуюм, ба дарвозаи холӣ гол назад, мухлисон  девона шуданд.
Ба бозигарони ин даста ҳеҷ гоҳ шубҳа кардан мумкин нест. Онҳо қаблан ба чунин вазъият дучор шуда буданд ва ин ки бисёре аз онҳо аллакай чандин маротиба дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб омадаанд, маънои онро дорад, ки онҳо аз чунин лаҳзаҳо наметарсанд. Ба ҳамдигар боварӣ доранд”, гуфтааст Шмейхел.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив