LIVE

Бори аввал «Барса» дар як мавсим се нокомиро дар майдони худ ба қайд гирифт

«Барселона» дар як мавсим барои аввалин бор дар майдони худ се бор мағлуб шуд. 
Қайд карда мешавад, ки дар таърихи даста лаҳзаҳое буд, ки даста дар майдони худ пайиҳам се бохт дошт, аммо ин дар охири мавсими солҳои 1997/98 ва оғози мавсими солҳои 1998/99 рух дод.
Ёдовар мешавем, ки 14 апрел “Барселона” дар бозии ҷавобии чаҳорякфиналии Лигаи Аврупо аз тими “Айнтрах” (2:3) шикаст хӯрда, аз мусобиқот хориҷ шуд. Рӯзи 18 апрел бошгоҳи каталонӣ дар майдони худ аз «Кадис» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. 24 апрел шогирдони Хави дар “Камп Ноу“ аз тими «Райо Валекано» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. 
Пас аз 33 давр «Барселона» бо 63 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷои дуюм аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив