LIVE

"Фулхэм" ба Премйер Лигаи Англия бармегардад

«Фулхэм» дар майдони худ «Престон Норт Энд»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод ва пеш аз мӯҳлат роҳхати Премйер Лигаи Англияро ба даст овард. Вохӯрӣ рӯзи сешанбе дар варзишгоҳи «Крейвен Коттеҷ»-и Лондон баргузор шуд. Голҳои «Фулхэм»-ро Александр Митрович (дақиқаҳои 9 ва 41) ва Фабио Карвалю (34) заданд.

«Фулхэм» бо 83 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.  Чемпионат аз 46 давр иборат аст, ду даста мустақиман ба дивизиони олӣ мебарояд, дастаҳое, ки аз зинаи севум то шашумро ишғол мекунанд, барои ҳаққи роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ дар плей-офф бозӣ мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив