LIVE

Имрӯз "Истиқлол" бо "Шарҷа" бозӣ мекунад

Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 11-уми апрел, бозии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар чаҳоргонаи «А» анҷом медиҳад. Рақиби бошгоҳи Душанбе дастаи “Шарҷа” (АМА) мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқа «Истиқлол» аз «Ал-Райян» (2:3) ва «Шарҷа» аз «Ал-Ҳилол» (1:2) шикаст хӯрданд.
Вохӯрии дастаҳои «Шарҷа» ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи байналмилалии «Шоҳ Фаҳд»-и Риёз баргузор шуда, соати 23:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 01:15, 12 апрел ба вақти  Душанбе) оғоз мешавад. Пахши мустақими ин бозиро метавонед аз шабакаҳои ТВ «Варзиш» ва «Футбол» тамошо кунед.
Дар бозии имрӯза ба бошгоҳи футболи Тоҷикистон комёбӣ таманно дорем!
 
Лигаи чемпионҳои КФО-2022
Гурӯҳи “А”. Даври 2
12 апрел (сешанбе)
Бозӣ соати 01:15 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
«Шарҷа» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии «Шоҳ Фаҳд»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив