LIVE

Футболбози “Хатлон” аз 10 бозӣ маҳрум карда шуд

Кумитаи интизомии ФФТ  бо ташкили як ҷаласа як зумра бозигаронро барои ғайри қоидаи футбол амал карданашон муҷозот намудааст. Аз ҷумла легионери африқоии дастаи “Хатлон” - Жан Гатен Н.Д-ро аз 10 бозӣ дар мавсим маҳрум намуд. Ба қавли масъулин ин футболбоз дар финали мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022 бар муқобили  “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 18-уми март ба довар дарафтода нисбати ӯ ҳаракатҳои ҷисмониро раво дидааст. Ҳамзамон Кумитаи интизомии ФФТ  Жан Гатен Н.Д-ро бо маблағи 2500 сомонӣ ҷарима бастааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив