LIVE

Футболбози "Душанбе"-ро як умра аз футбол ронданд

Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамлагари бошгоҳи футболи "Душанбе" Амир Мемари Манешро  барои як умра аз  футбол  маҳрум кард. Легионери 28-солаи эронӣ Амир Мемари Манеш дар як бозии букмекерӣ дастгир шуд. Худи бозигар иқрор шуд, ки ба бозиҳое, ки  дастааш дар чемпионати Тоҷикистон иштирок менамуд,  шартгузорӣ (қуморбозӣ) мекардааст.
Барои риоя накардани моддаи 2, банди 3 -и Кодекси интизомии ФФТ, бар асоси принсипҳои умумии қонун ва адолат, Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон Амир Мемари Манешро аз ҳар гуна фаъолияти футбол дар қаламрави Тоҷикистон маҳрум кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив