LIVE

Винисиус Тобиас бозигари нави "Реал"

Муҳофизатгари канории "Шахтёр" Винисиус Тобиас ба тими "Реал" гузариш кард. 
Футболбози 18-сола дар тими Мадрид то охири мавсими солҳои 2022/23 ба тариқи иҷора бозӣ мекунад. "Реал Мадрид" ҳақ дорад, ки ин бозигарро бо арзиши 18 млн евро харидорӣ кунад.
Футболбози бразилӣ моҳи январи соли 2022 ба сафи «Шахтёр» пайваста буд, аммо аз сабаби мушкилоти пешомада дар Украина ӯ ягон бозӣ бо пероҳани бошгоҳи украинӣ нагузарид.  
"Реал Мадрид" бо шарофати қарори баровардаи ФИФА дар бораи шартномаи футболбозоне, ки узви бошгоҳҳои Русия ва Украина мебошанд, бо Винисиус Тобиас қарордод баст.
Футболбоз аллакай бо клуб шартномаи пешакии панҷсола бастааст, агар "Реал Мадрид" бихоҳад, ки баъд аз анҷоми муҳлати иҷора, ӯро дар ҳайаташ нигоҳ дорад, он вақт қарордоди мазкур расман қувваи ҳуқуқӣ мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив