LIVE

"Хатлон"-барандаи Ҷоми ЛФТ-2022

Бо пирӯзии «Хатлон»-и Бохтар дар Гулистон Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022 ба охир расид.

Дар ин мусобиқа 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.

Дар бозӣ барои ҷойи севум «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Истаравшан» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар бозии  ниҳоии Ҷоми Лига-2022 «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ бахт ба тарафи хатлониён буд – 3:2.
Дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ЛФТ-2022 директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салохиддин Ғафуров, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шокурбонов, сардори Раёсати доварон ва нозироти ФФТ Рустам Абдуллоев ва сармураббии яккачини Тоҷикистон Петр Сегрт иштирок намуданд.

Беҳтарин бозигари мусобиқа ҳамлагари дастаи «Хатлон»-и Бохтар Нуриддин Ҳамроқулов дониста шуд.


Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022

Бозӣ барои  ҷойи сеюм

«Эсхата» — «Истаравшан» — 3:2

Финал

«ХАТЛОН» — «Равшан» (Кӯлоб) — 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

Голҳо: Умарҷон Шарифов, 19 (1:0). Абдухалил Боронов, 52 (1:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив