LIVE

“Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

Тибқи натиҷаи бозиҳои чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2021, “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии мусобиқа роҳ ёфтанд ва муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.
 Ба туфайли голи ягонаи Далер Ёдгоров, «Хуҷанд» аз Бохтари «Хатлон» (1:0) пеш гузашт. Рақиби “Хуҷанд” дар нимфинали Ҷоми миллӣ “Равшан”-и Кӯлоб хоҳад буд, ки дар чорякфинал бар ССКА -и пойтахт (2:1) ғалаба кард. «Эсхата» -и Хуҷанд дар чорякфинал аз «Истаравшан» қавитар буд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ - 1: 1 анҷом ёфт дар иҷрои пеналтӣ - 3:2 дастаи шаҳри Хуҷанд ба ғалаба даст ёфт.  
Дар 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон рақиби "Эсхата" ғолиби ҷуфти чорякфиналии "Истиқлол" - "Файзканд" хоҳад буд. Бозии охирини чорякфинал дертар баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив