LIVE

Тухел рекорди Зиданро такрор кард

Сармураббии "Челси" Томас Тухел аз 50 бозии аввалини худ дар Лигаи Чемпионҳо 32 ғалаба ба даст овард, ки рекорди ҷадиди мусобиқа ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ин нишондод Тухел аз Зинедин Зидан пеш гузашт, ки дар 50 бозии аввалаш 31 пирӯзӣ дошт. Дар ҷои сеюм аз рӯи ин нишондод сармураббии «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола қарор дорад, ки дар 50 бозӣ 30 пирӯзӣ ба қайд гирифта буд. Ёдовар мешавем, ки дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо «Челси» бар «Лилл» пирӯз шуд. 
Қуръакашии даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо 18 март дар шаҳри Ньон баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив