LIVE

ПСЖ бидуни Рамос, Эррера ва Мбаппе бо "Реал" бозӣ мекунад

Хадамоти тиббии бошгоҳи футболи "ПСЖ" дар бораи вазъи футболбозоне, ки дар остонаи бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бо "Реал Мадрид" ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, изҳорот нашр кард.

Серхио Рамос ва Андер Эррера наметавонанд рӯзи 9 март ба варзишгоҳи Сантяго Бернабеу биёянд. Рамос то охири ҳафта тамринҳои инфиродии худро идома хоҳад дод. Эррера инчунин бо машқҳои инфиродӣ машғул аст  ва табобати худро идома медиҳад.

Килиан Мбаппе, ки ҳангоми тамрин ҷароҳат бардошта буд, таҳти назорати табибон қарор дорад. Муоинаи клиникӣ тамоюли мусбати барқароршавии ӯро нишон дод. Санҷиши нав рӯзи сешанбеи 8 март анҷом дода мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив