LIVE

Суханони Хави пас аз ғалаба бар "Наполи"

Сармураббии «Барселона» Хави дар бораи ғалаба  бар зидди «Наполи» изҳори назар кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Диего Армандо Марадона» (Сан Паоло) баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфт.

"Эҳтимол, ин беҳтарин намоиши мавсими мо буд. Мо мехостем бартарӣ кунем ва ин корро кардем. Ман аз  футболе, ки  нишон додем, қаноатмандам. Натиҷаи одилона аст. Ман аз бозингарон хеле шодам ва ин роҳи пеш аст. Мо дар роҳи дуруст ҳастем.  "Наполи" фишорро баланд кард ва дар паси онҳо фазои холӣ вуҷуд дошт",-гуфт Хави.

Бозии аввал мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, «Барселона» ба даври 1/8 финали Лигаи Аврупо роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив