LIVE

“Гурба” ҳаёти Курт Зумаро вайрон кард

Ҳимоятгари тими «Вест Хэм Юнайтед» Курт Зума дар Фаронса ба додгоҳ кашида хоҳад шуд, хабар медиҳад The Independent.
Ба иттилои манбаъ, ба додгоҳ ҳуқуқшиносони созмони La Fondation 30 Millions d'Amis («Бунёди 30 миллион дӯстон»), ки ба ҳифзи ҳуқуқи ҳайвонот тахассус дорад, муроҷиат кардаанд. Дар соли 2021 дар Фаронса қонунҳои нави ҳуқуқи ҳайвонот қабул карда шуданд. Барои бераҳмӣ нисбат ба гурба, ба ҳимоятгар то чаҳор соли зиндон ва 60 ҳазор евро ҷарима таҳдид мекунад.
Қайд карда мешавад, ки қонунгузории Фаронса имкон медиҳад, ки шаҳрванд барои ҷинояти дар хориҷа содиршуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Қаблан дар шабака наворе пайдо шуд, ки дар он Курт Зума гурбаашро мезанад. Бошгоҳи «Вест Хэм» Зумаро 250 000 фунт стерлинг (297 500 евро) ҷарима кард. Сармураббии Фаронса Дидйе Дешам бозигарро ба бозиҳои моҳи март даъват накардааст. Ширкати  “adidas” шартномаашро бо бозигар қатъ кардааст. Ҳатто сарпарастони бошгоҳи "Вест Хэм" низ шартномаашонро бо даста қатъ карда истодаанд. Масалан, ширкати сайёҳии Experience Kissimmee. Ҳатто “Vitality” низ хоҳони қатъи шартнома бо лондониҳост.
Курт Зума барои ин амалаш аллакай маъзаратхоҳӣ кард, вале ташкилоти ҳифзи ҳайвонот мехоҳанд ӯро ба додгоҳ кашанд. Ҳатто, собиқ қаҳрамони UFC Ян Блахович аз кори Зума хашмгин шуда, ӯро барои ин кораш сарзаниш ва ҳатто таҳдид кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив