LIVE

Владимир Петкович аз мақоми сармураббии «Бордо» озод карда шуд

Сармураббии «Бордо» Владимир Петкович аз мақомаш барканор шуд. Мутахассиси 58-сола аз тобистони соли гузашта инҷониб дастаро раҳбарӣ мекард.
Қарор дар бораи истеъфои Петкович баъд аз он бароварда шуд, ки даста дар даври навбатии чемпионати Фаронса аз тими  “Реймс” бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст хӯрд. 
Пас аз 23 давр «Бордо» дар ҷои 19-уми чавдали умумии Лигаи якуми Фаронса қарор дорад.  Қобили зикр аст, ки мураббӣ дар даста ҳамагӣ шаш моҳ кор кард – дар охири моҳи июл ӯ пас аз анҷоми чемпионати Аврупо мунтахаби Швейтсарияро тарк карда, хоҳиши ҳамкорӣ бо клубҳои футболро карда буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив